Ҷанбаҳои муҳими Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ дар соҳаи инноватсия тавзеҳ дода шуданд
Нуктаҳои асосии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ дар ҳамоише, ки дар Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзуи «Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон — ҳуҷҷати муҳими банақшагирии стратегӣ ва барномаи рушди қонунгузорӣ» баргузор гардид, тавзеҳ дода шуданд.
Тавре Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, дар ҳамоиш роҳбарони Агентӣ доир ба ҷанбаҳои муҳими Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ дар самти рушди инноватсия ва технологиҳои рақамӣ сухан намуданд.
Таъкид гардид, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Паём ба Маҷлиси Олӣ иброз намуданд, ки Вазорати рушди иқтисод ва савдо ва Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ вазифадоранд, ки якҷо бо вазоратҳои маориф ва илм, саноат ва технологияҳои нав ва молия талаботи бозори меҳнатро дар самти иқтисоди рақамӣ омӯхта, барои зиёд намудани теъдоди мутахассисони ин соҳа, инчунин баланд бардоштани сифати омодасозии кадрҳо тадбирҳои зарурӣ андешанд. Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ барои пурра ҷорӣ намудан ва оммавӣ гардонидани сомонаи ягонаи хизматрасониҳои давлатӣ бояд тадбирҳои таъхирнопазир андешад. Имрӯз моро зарур аст, ки раванди идоракунии давлатиро бо истифода аз технологияҳои рақамӣ ва зеҳни сунъӣ ба роҳ монда, таъсири омили инсониро дар тамоми соҳаҳо ва ҳама гуна муносибатҳои молиявӣ коҳиш диҳем.
Бояд тазаккур дод, ки бо ибтикори Президенти Тоҷикистон солҳои 2025-2030 дар ҷумҳурӣ «Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия» эълон гардидаанд. Ҳадафи он таъмини рушди бонизоми зеҳни сунъӣ, рақамикунонии иқтисодиёти миллӣ ва технологияҳои инноватсионӣ мебошад, ки яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати пешгирифтаи давлат маҳсуб мешавад. Ин ташаббус ба гузариш ба иқтисоди рақамӣ ва рушди устувори мамлакат дар солҳои наздик равона шудааст.
Ҳамзамон дар ҳамоиш аз ҷониби масъулон вобаста ба муҳтавои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯнамо ва маърузаҳо пешниҳод гардиданд.
Ҳамоиш ба иштироккунандагон имконият фароҳам овард, ки таҷриба ва афкори худро дар мавзуъҳои гуногун, аз ҷумла соҳаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ, банақшагирии стратегӣ ва дурнамосозӣ, сиёсӣ ва ташкилию ҳуқуқӣ, инчунин рушди барномаҳои таълимии инноватсионӣ ва рақамӣ, таҳкими қонунгузорӣ дар самти рақамикунонӣ ва инноватсия ва роҳҳои амалишавии пурраи онҳо мубодила намоянд.
Таъкид шуд, ки рушди инноватсия ва технологиҳои рақамӣ барои Тоҷикистон яке аз соҳаҳои муҳим буда, метавонад дар оянда ба рушди устувор ва беҳтар намудани сатҳи зиндагии мардум мусоидат намояд.
АКС: Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

