Аз шаби дирӯз то имрӯз дар масири Душанбе-Чанок 29 тарма фаромадааст

Ба иттилои ширкати «IRS», аз шаби дирӯз то имрӯз дар масири Душанбе-Чанок 29 тармаи хурду бузург фаромадааст. Дар айни замон  ҳаракати нақлиёт тавассути ин роҳ манъ буда, кормандон дар наздиктарин фурсат ҳаракати нақлиётро таъмин мекунанд.

Иттилоъ дода шуд, ки бар иловаи 23 тармаи шаби гузашта  субҳи 22 январ дар минтақаи Варзоб 6 тармаи дигар фаромадааст.

Иттилоъ дода шуд, ки дар айни замон дар километри 65-уми  масири Душанбе-Чанок тоза намуди роҳ аз барф ва бартарафсозии тарма бо баланди 2 метр идома дорад.

Ҳамчунин 21 январ дар километри 66-уми роҳи мазкур (ҳудуди ноҳияи Варзоб) ронанда ва мусофирони як мошини тамғаи «Опел», ки зери тарма монда буданд, наҷот дода шудаанд. Мошини онҳо ҳам аз зери тарма берун бароварда шуд.  Дар натиҷаи ин ҳодиса касе осеб надидааст.

Ба иттилои манбаъ, бар асари боридани барфи зиёд баландии он дар баъзе қитъаҳо ба 35 сантиметр мерасад.  Ҳоло ҳаракати нақлиёт тавассути масири Душанбе-Чанок манъ буда, кормандон кӯшиш доранд дар наздиктарин фурсат роҳро боз кунанд.

Иттилоъ дода шуд, ки бартарафсозии пайомадҳои тармафароӣ ва коркарди роҳ бо маводи зиддилағзиш дар масири Душанбе-Чанок идома дорад.

Аз ронандагону мусофирон хоҳиш карда мешавад, ки то гирифтани иттилои ширкат оид ба кушода шудани роҳ аз сафар тавассути ин масир худдорӣ намоянд.

АКС: Филиали Ширкати саҳомии «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE