Моҳи май дар шаҳри Бохтар Форуми сайёҳии «Хатлон – 2026» баргузор мешавад
Моҳи майи соли 2026 дар вилояти Хатлон баргузориии Форуми сайёҳии «Хатлон – 2026» дар назар дошта шудааст. Соҳибкорони тоҷики муқими Русия барои иштирок дар ин форум даъват гардиданд. Дар ин хусус 27 феврал дар Федератсияи Русия зимни вохӯрии Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид бо соҳибкорон, донишҷӯён ва дигар ҳамватанон иттилоъ дода шуд.
Тавре мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, дар вохӯрӣ Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ба соҳибкорон ва ҳамватаноне, ки дар Русия кору зиндагӣ менамоянд, оид ба раванди татбиқи барномаҳои давлатӣ дар Тоҷикистон, имкониятҳои сармоягузорӣ ва баргузории чорабиниҳои муҳими байналмилалӣ, аз ҷумла дар вилояти Хатлон маълумот дод.
Дар мулоқот аҳамияти ҳамкории байниминтақавии Тоҷикистону Русия барои таҳкими равобити ду мамлакат муҳим арзёбӣ гардид. Иброз шуд, ки соҳибкорон барои тараққиёти мамлакат ҳамчун шарики рушд бо истифода аз муҳити мусоиди сармоягузорӣ нақши фаъол мебозанд.
Ёдовар мешавем, ки 23 феврали соли равон ҳайати вилояти Хатлон таҳти роҳбарии Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид дар шаҳри Қазони Ҷумҳурии Тотористони Федератсияи Русия бо роҳбарону намояндагони диаспораи тоҷик, соҳибкорон ва ҳамватаноне, ки дар ин мамлакат кору зиндагӣ менамоянд, вохӯрӣ намуд.
Инчунин байни роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва Ҳукумати вилояти Пенза санади ҳамкорӣ ба имзо расид.


