Бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон дар Душанбе мусобиқаи варзишӣ баргузор мешавад
19 майи соли 2024 дар шаҳри Душанбе бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар якҷоягӣ бо Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон марафони велосипедронӣ ва Дави миллӣ баргузор мешавад.
Тавре сардори Раёсати тарбияи ҷисмонӣ ва инкишофи варзиши дастгоҳи марказии Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадтолиб Шокирзода ба АМИТ «Ховар» хабар додааст, Дави миллӣ тавассути кӯчаҳои Карамов-хиёбони Ҳофизи Шерозӣ то Муассисаи давлатии «Наврӯзгоҳ»-и шаҳри Душанбе гузаронида мешавад. Ба ин муносибат кормандони вазорату идораҳо, муассисаҳои олӣ ва таҳсилоти миёнаи касбии пойтахт даъват карда мешаванд, ки дар ин мусобиқаи сатҳи баланди варзишӣ фаъолона иштирок намоянд.
Мусобиқаи Дави миллӣ дар асоси Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 марти соли 2007 «Дар бораи Рӯзи дави миллӣ» ҳамасола дар ҷумҳурӣ якшанбеи сеюми моҳи май гузаронида мешавад. Мақсад аз баргузории мусобиқа-таҳкими тарзи ҳаёти солим, рушду инкишофи соҳаи варзиш ва оммавияти он байни аҳолӣ мебошад.
Хотиррасон менамоем, ки 21 майи соли 2023 дар шаҳри Душанбе бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон Дави миллӣ ва марафони велосипедронӣ дар сатҳи баланд баргузор шуда буд. Дар Дави миллӣ 53 ҳазору 700 шаҳрванди гуногункасб ва дар марафони велосипедронӣ 1560 нафар иштирок намуд. Дар ин мусобиқаҳои варзишӣ роҳбарони вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳо, ичунин варзишгарон фаъолона иштирок намуданд.
Дави миллӣ маъракаи умумимиллӣ буда, ба солимӣ ва оммавияти варзиш нигаронида шудааст. Мусобиқаи навбатӣ 17 — умин Дави миллӣ маҳсуб мешавад.
Ёдовар мешавем, ки 19 майи соли 2024, соати 07:30 марафони велосипедронӣ ва соати 08:30 Дави миллӣ оғоз мегардад.
Дави миллӣ ва мусобиқаҳои гуногуни варзишӣ бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон дар тамоми ҷумҳурӣ баргузор мешаванд.