Дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон Фестивали ҷумҳуриявии «Дӯстии ҷавонон» баргузор мегардад
Аз 25 апрел то 1 май бахшида ба моҳвораи ҷавонон дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон Фестивали ҷумҳуриявии «Дӯстии ҷавонон» баргузор мегардад. Дар ин хусус аз Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Фестивал бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон баргузор мегардад. Мақсади он аз васеъ намудани ҷаҳонбинии ҷавонон, шиносоӣ бо фарҳанги ниёгон, урфу одат ва меҳмоннавозии миллати тоҷик, маданияти шаҳрдорӣ, дӯстии ҷавонон, тарбия намудани ҷавонон дар руҳияи ватандӯстӣ, арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ ва таҳкими сулҳу субот дар мамлакат иборат мебошад.
Дар доираи меҳмонии ҷавонон дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон баргузории барномаҳои гуногун, аз ҷумла ҳамоишу фестивал, машварату барномаи консертии «Шоми ҷавонӣ» ва бозиҳои гуногуни варзишӣ дар назар аст. Иштирокчиён бо мавзеъҳои таърихии ин шаҳру ноҳияҳо низ шинос мешаванд.
АКС: Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
