Равандҳои муосири рӯзноманигории сайёҳӣ

Имрӯз дар Муассисаи давлатии Китобхонаи миллии Тоҷикистон маросими ҷамъбасти мастер-класси байналмилалӣ таҳти унвони «Равандҳои муосири рӯзноманигории сайёҳӣ», ки дар доираи Форуми байналмилалии «Ҳамкорӣ ба хотири рушди устувор: Сабз. Рақамӣ. Ҳушманд» баргузор гардид, доир шуд.

Дар маросими ҷамъбаст намояндагони сохторҳои давлатӣ, коршиносони соҳа, рӯзноманигорон, омӯзгорон ва донишҷӯён иштирок намуда, натиҷаҳои чорабинӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Зикр гардид, ки мастер-класси мазкур барои табодули таҷрибаи касбӣ, омӯзиши усулҳои муосири пешниҳоди муҳтаво ва истифодаи технологияҳои рақамӣ дар соҳаи журналистикаи сайёҳӣ заминаи мусоид фароҳам овард.

Зимни ҷамъбасти чорабинӣ ба иштирокчиёни фаъол сертификат ва ҷоизаҳо тақдим карда шуда, саҳми онҳо дар рушди журналистикаи сайёҳӣ ва муаррифии имкониятҳои сайёҳии кишвар қадрдонӣ гардид.

Иштирокчиён иброз доштанд, ки баргузории чунин чорабиниҳо ба баланд бардоштани сатҳи тахассусии рӯзноманигорон ва таҳкими ҳамкориҳои байналмилалӣ мусоидат намуда, барои рушди соҳаи сайёҳӣ дар Тоҷикистон аҳамияти муҳим дорад.

Шарофиддин Каримов

Садои Душанбе

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE