Гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон ба 6,8 миллиард доллар расида, содирот 65,4 фоиз афзоиш ёфт

Дар шаш моҳи аввали соли 2026 гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон ба 6 миллиарду 820 миллион доллари ИМА расида, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 44,2 фоиз ё 2 миллиарду 88,9 миллион доллар зиёд шудааст. Дар ин бора имрӯз зимни нишасти матбуотӣ Ҷамшед Нурмаҳмадзода Директори Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ дод. Ба гуфтаи ӯ дар ин давра ҳаҷми содироти мол 1 миллиарду 580 миллион долларро ташкил дода, нисбат ба нимсолаи аввали соли 2025 65,4 фоиз ё 624,7 миллион доллар афзоиш ёфтааст. Воридоти мол бошад, ба 5 миллиарду 240 миллион доллар баробар гардида, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 38,8 фоиз зиёд шудааст.
Ба иттилои масъулини Агенти дар амалиёти савдои хориҷӣ афзоиши бештари содирот нисбат ба воридот бо Нидерланд, Белгия, Туркия ва Афғонистон ба қайд гирифта шудааст.
Шукрона Насриддинзода
Садои Душанбе

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE