Дар шаш моҳи аввали соли 2026 аз ҷониби бахши сабти асноди ҳолати шаҳрвандии ноҳияи Сино 4408 кӯдаки навзод ба қайд гирифта шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 428 нафар кам мебошад.
Дар шаш моҳи аввали соли 2026 аз ҷониби бахши сабти асноди ҳолати шаҳрвандии ноҳияи Сино 4408 кӯдаки навзод ба қайд гирифта шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 428 нафар кам мебошад.
Дар ин бора зимни нишасти матбуотӣ Раиси ноҳияи Синои шаҳри Душанбе Умед Гуреззода иттилоъ дод.
Зикр гардид, ки дар давраи ҳисоботӣ ҳамчунин 412 сабти никоҳ ва 260 ҳолати бекоршавии ақди никоҳ ба қайд гирифта шудааст. Шумораи ҷудошавии оилаҳо нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 36 ҳолат кам мебошад.
Шарофиддин Каримов
Садои Душанбе

