Имрӯз дар Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллӣ»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон…
Имрӯз дар Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллӣ»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи гиромидошти хотираи Абӯалӣ ибни Сино мизи мудаввар таҳти унвони «Сино — пайвандгари илми қадим ва муосир» баргузор гардид.
Дар чорабинӣ олимону устодон, кормандони Китобхонаи миллӣ ва намояндагони воситаҳои ахбори омма иштирок намуданд.
Чорабиниро Муовини якуми директори Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллӣ»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Сайфиддин Камолзода ифтитоҳ намуда, таъкид кард, ки омӯзишу тарғиби мероси илмӣ ва маънавии Абӯалӣ ибни Сино, нақши осори ӯ дар рушди соҳаҳои гуногуни илм ва муаррифии дастовардҳои синошиносӣ ба насли ҷавон аҳаммияти муҳим дорад.
Сипас, доктори илмҳои филологӣ, профессор Саидраҳмон Сулаймонов дар мавзуи «Ҷойгоҳи “Махориҷ-ул-ҳуруф”-и Ибни Сино дар илми фонетика» маърӯза намуд. Зимни маърӯза мавқеи арзишманди осори Абӯалӣ ибни Сино дар ташаккули андешаҳои илмӣ оид ба овозшиносӣ ва хусусиятҳои фонетикии забон мавриди баррасӣ қарор гирифт.

