Имрӯз дар Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон…
Имрӯз дар Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими тантанавии қадрдонии кормандони фаъол баргузор гардид.
Зимни ҳамоиш таъкид гардид, ки дастовардҳои назарраси Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даврони соҳибистиқлолӣ натиҷаи сиёсати созанда ва бунёдкоронаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буда, кормандони соҳаи телевизион ва радио низ дар татбиқи сиёсати иттилоотии давлат ва инъикоси воқеии рӯйдодҳои муҳими кишвар саҳми арзишманд мегузоранд.
Дар фазои тантанавӣ як қатор кормандони фаъоли сохторҳои гуногуни Кумита барои фаъолияти пурсамар, ҳиссаи назаррас дар рушди соҳаи телевизиону радио ва иҷрои софдилонаи вазифаҳои хизматӣ бо нишони «Аълочии Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон»ва Сипосномаҳо сарфароз гардонида шуданд

