Имрӯз дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон…

Имрӯз дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ба ифтихори бузургдошти Рӯзи Рӯдакӣ Конференсияи байналмилалии илмию назариявӣ таҳти унвони «Рӯдакӣ – эҳёгари андеша ва фарҳанги миллӣ» бо иштироки донишмандони маъруфи кишвари Эрон ва доираи васеи муҳаққиқони тоҷик баргузор гардид.
Ҳамоишро Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Қобилҷон Хушвахтзода ифтитоҳ намуда, қайд кард, ки: «Маҳорати Рӯдакӣ ва қудрати ӯ дар мавриди пайвастагии калом, мазмунҳо ва афкори тозаву бадеъ ва фасоҳат аз муҳимтарин масоилест, ки ҳамвора сармашқи суханварони давраҳои баъдина гаштааст».
Сипас, мушовири калони бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа, профессор Масрур Абдуллозода, мулоҳизаҳои худро роҷеъ ба ашъори устод Рӯдакӣ, ҷойгоҳи Одамушшуаро дар Тоҷикистон ва нақши Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар эҳёи фарҳанги миллӣ, баён дошт.

Шукрона Насриддинзода
Садои Душанбе

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE