Имрӯз дар бинои Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон…

Имрӯз дар бинои Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Рӯдакӣ Конфронси илмӣ-амалӣ баргузор гардид.
Дар ҳамоиш олимон, адибон, муҳаққиқон ва намояндагони доираҳои фарҳангӣ иштирок намуда, оид ба нақш ва ҷойгоҳи устод Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ дар ташаккули адабиёти классикии форсу тоҷик, рушди фарҳанг ва таҳкими худшиносии миллӣ мубодилаи афкор намуданд.
Зикр гардид, ки мероси гаронбаҳои адабии сардафтари адабиёти классикии тоҷик Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ имрӯз низ аҳамияти бузурги маънавӣ дошта, дар тарбияи насли ҷавон дар рӯҳияи ватандӯстӣ, худшиносӣ ва арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ нақши муассир мегузорад.
Дар анҷоми конфронс иштирокчиён ба посдории мероси адабӣ ва фарҳангии устод Рӯдакӣ, густариши корҳои таҳқиқотӣ ва тарғиби осори безаволи шоир миёни ҷомеа таъкид намуданд.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE