Сардори Хадамоти алоқаи Тоҷикистон дар ҷаласаи Шурои Иттиҳоди минтақавӣ дар соҳаи алоқа иштирок намуд
Дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Узбекистон ҷаласаи Шурои сарони маъмурияти алоқаи Иттиҳоди минтақавӣ дар соҳаи алоқа ва Шурои ҳамоҳангсози кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир ба иттилоотонӣ дар назди Иёлоти Муттаҳидаи Амрико доир гардид, ки дар кори он Сардори Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Исфандиёри Саъдулло иштирок намуд. Дар ин хусус аз ин хадамот хабар доданд.
Сардори Хадамоти алоқа Исфандиёри Саъдулло иброз дошт, ки барои рушди соҳаи алоқа дар Тоҷикистон стратегия ва санадҳои асосии консептуалӣ, ки ба табдили тадриҷии рақамӣ равона шудаанд, қабул гардида, фаъолона амалӣ карда мешаванд.
«Аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Тоҷикистон солҳои 2025-2030 Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия эълон гардиданд. Дар ин замина технологияҳои муосири рақамӣ ба тамоми соҳаҳои фаъолияти ҳукумат муваффақона ворид гардида, тадбирҳои инноватсионӣ дар соҳаҳои гуногун татбиқ мегарданд»,-гуфт Сардори Хадамоти алоқаи Тоҷикистон.
Дар доираи ҷаласа масъалаҳои муҳими тараққиёти саноати алоқа ва технологияҳои иттилоотӣ муҳокима шуданд. Рушди IT-паркҳо, паркҳои технологӣ ва минтақаҳои махсуси иқтисодӣ дар бахши Технологияҳои иттилоотӣ-коммуникатсионӣ, татбиқи лоиҳаҳои муштараки Технологияҳои иттилоотӣ-коммуникатсионӣ, дастрасӣ ва рушди системаҳои моҳвораҳои пасторбиталӣ (NGSO) дар минтақа низ баррасӣ гардиданд.
Дар ҷаласа ҷонибҳо доир ба таҳияи равишҳои минтақавии умумӣ дар масъалаҳои дастрасии низомҳои алоқаи кайҳонии орбиталии паст дар кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ташаккули нархҳои одилонаи хизматрасониҳои алоқа дар роуминг ва муқовимат бо қаллобӣ (фрод) дар шабакаи алоқа қарорҳои дахлдор қабул намуданд.
АКС: Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон