Имрӯз дар маҷлисгоҳи Маҷмааи давлатии «Кохи Ваҳдат»…
Имрӯз дар маҷлисгоҳи Маҷмааи давлатии «Кохи Ваҳдат» ҷаласаи навбатии Шӯрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои маориф, тандурустӣ, молия, иқтисод ва савдо баргузор гардид.
Дар ҷаласа Шӯҳрат Азиззода — мушовири бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа, Ҳомид Ҳошимзода — муовини якуми вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Юсуфӣ Саломуддин — муовини якуми вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарвар Қурбониён — муовини вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Фарҳод Восидиён — муовини вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок ва суханронӣ намуданд.
Зимни ҷаласа масъалаҳои муҳими рушди соҳаҳои иҷтимоӣ ва иқтисодӣ, татбиқи барномаҳои давлатӣ, баланд бардоштани сифати хизматрасониҳо ва таҳкими ҳамкории мақомоти давлатӣ бо ҷомеаи шаҳрвандӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Дар анҷоми ҷаласа оид ба густариши ҳамкорӣ ва иҷрои босамари вазифаҳои дарпешистода пешниҳодҳои мушаххас ироа гардиданд.

