Мулоқоти ҳайатҳои вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Малайзия…

Мулоқоти ҳайатҳои вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Малайзия

7 ноябри соли 2026 дар шаҳри Путраҷая мулоқоти ҳайатҳои вазоратҳои корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Малайзия баргузор гардид.

Зимни мулоқот ҷонибҳо доираи васеи масъалаҳои марбут ба таҳким ва густариши муносибатҳои дуҷониба ва ҳамкориҳои бисёрҷонибаро баррасӣ намуданд.

Таваҷҷуҳи хоса ба рушди ҳамкориҳо дар соҳаҳои сиёсӣ, тиҷоратию иқтисодӣ ва фарҳангию башардӯстона, таҳкими заминаи ҳуқуқӣ, густариши робитаҳои байниидоравӣ ва рушди минбаъдаи механизми машваратҳои сиёсӣ зоҳир гардид.

Ҳамчунин, оид ба масъалаҳои минтақавию байналмилалии мавриди таваҷҷуҳи муштарак табодули афкор сурат гирифт.

Дар фарҷоми мулоқот ҷонибҳо омодагии худро ҷиҳати идомаи муколамаи созанда ва таҳкими минбаъдаи муносибатҳои дӯстона ва ҳамкориҳои судманди Тоҷикистону Малайзия таъкид намуданд.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE