Имрӯз дар шаҳри Душанбе мизи мудаввари сатҳи баланд оид ба сиёсат…

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мизи мудаввари сатҳи баланд оид ба сиёсат ва сармоягузорӣ таҳти унвони «Сармоягузории стратегӣ ба сармояи инсонӣ — бунёди низоми ҳамгирои ҳифзи иҷтимоӣ ва ҳифзи кӯдакон дар Тоҷикистон» ба кори худ оғоз кард.

Ҳамоиш бо ташаббуси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Хазинаи кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид (ЮНИСЕФ) баргузор гардида, дар он намояндагони вазорату идораҳои давлатӣ, мутахассисон ва меҳмонон аз хориҷи кишвар иштирок доранд.

Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ зимни ифтитоҳи ҳамоиш таъкид намуд, ки ҳар як кӯдак ҳуқуқи ҷудонашавандаи ба воя расидан дар муҳити бидуни зӯроварӣ, суиистифода, истисмор, беэътиноӣ ва дигар амалҳои зарароварро дорад. Ба гуфтаи ӯ, таъмини ҳифзи кӯдакон на танҳо уҳдадории ахлоқию ҳуқуқӣ, балки сармоягузории муҳим ба суботи дарозмуддат, шукуфоӣ ва некуаҳволии ҷомеа мебошад.

Муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Равшан Каримзода дар идомаи ҷаласа изҳор дошт, ки Тоҷикистон ба ислоҳоти низоми ҳифзи кӯдакон ва ҳифзи иҷтимоӣ уҳдадории қавии сиёсӣ дорад.

Роҳбари намояндагии ЮНИСЕФ дар Тоҷикистон Габриэл Акимова зикр кард, ки кӯдакони дучори зӯроварӣ, беэътиноӣ, ҷудоӣ аз оила, маҳрумиятҳои вобаста ба маъюбият, нигоҳубини нокифоя ва осебпазирии иҷтимоӣ дар оянда метавонанд бо мушкилоти ҷиддӣ дар соҳаҳои маориф, тандурустӣ ва шуғл рӯ ба рӯ шаванд.

Ба таъкиди ӯ, ин омилҳо бо мурури замон ҷамъ шуда, ба коҳиши ҳосилнокӣ, афзоиши хароҷоти давлатии оянда ва маҳдуд гардидани рушди сармояи инсонӣ таъсир мерасонанд.

Ҳамоиш ба таҳкими низоми ҳамгирои ҳифзи иҷтимоӣ ва такмили механизмҳои ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои кӯдакон дар Тоҷикистон равона шудааст.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE