Имрӯз дар Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллӣ»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон…
Имрӯз дар Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллӣ»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯнамоии китобҳои муҳаққиқ ва сиёсатшиноси маъруфи амрикоӣ Фредерик Старр — «Маърифати гумшуда. Асри тиллоии Осиёи Марказӣ аз истилои араб то Темурланг» ва «Нобиғагони даврони хеш. Ибни Сино ва Берунӣ» баргузор гардид.
Чорабинӣ ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир шуда, бо иштироки олимон, муҳаққиқон, зиёиён ва рӯзноманигорон баргузор шуд.
Зикр гардид, ки китобҳои мазкур ба таърихи пурғановати халқи тоҷик, нақши Осиёи Марказӣ дар рушди тамаддуни ҷаҳонӣ ва мероси илмии Абӯалӣ ибни Сино ва Абурайҳони Берунӣ бахшида шудаанд. Асарҳо бо ташаббус ва маблағгузории ҶСК «Ориёнбонк» ба забони тоҷикӣ тарҷума ва нашр гардидаанд.
Иштирокдорони чорабинӣ аҳамияти китобҳоро дар таҳкими худшиносии миллӣ, арҷгузорӣ ба мероси илмии ниёгон ва муаррифии саҳми донишмандони Осиёи Марказӣ дар рушди фарҳангу тамаддуни ҷаҳонӣ муҳим арзёбӣ намуданд.

