Имрӯз дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон Анҷумани сеюми забоншиносони давлатҳои ҳамзабону ҳамфарҳанг таҳти унвони «Забони мо — ҷаҳони мо» баргузор гардид…

Имрӯз дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон Анҷумани сеюми забоншиносони давлатҳои ҳамзабону ҳамфарҳанг таҳти унвони «Забони мо — ҷаҳони мо» баргузор гардид.

Тавре ҳамкорамон Тоҷиддин Сатторзода иттилоъ медиҳад, дар кори анҷуман донишмандону муҳаққиқон, намояндагони марказҳои илмӣ ва муассисаҳои таҳсилоти олии беш аз даҳ давлати ҷаҳон, аз ҷумла Ҷумҳурии Исломии Эрон, Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, Ҳиндустон, Покистон, Озарбойҷон, Узбекистон, Туркманистон, Россия, Австрия ва Миср иштирок намуданд.

Ҳамчунин дар ҳамоиш намояндагони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, вазорату идораҳо, донишгоҳу донишкадаҳо ва воситаҳои ахбори омма ҳузур доштанд.

Таъкид гардид, ки баргузории анҷуман дар соли таҷлили 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аҳаммияти хосса дошта, барои таҳкими мақоми забони давлатӣ, ҳифзи арзишҳои миллӣ ва густариши робитаҳои илмию фарҳангӣ бо кишварҳои ҳамзабону ҳамфарҳанг заминаи мусоид фароҳам меорад.

Анҷумани мазкур ба таҳкими ҳамкории байналмилалӣ дар соҳаи забоншиносӣ, табодули таҷриба ва баррасии масъалаҳои мубрами рушди забонҳои ҳамзабону ҳамфарҳанг равона гардидааст.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE