Имрӯз дар толори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон конференсияи ғайринавбатии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон…

Имрӯз дар толори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон конференсияи ғайринавбатии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе баргузор гардид, ки дар доираи он Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» дар шаҳри Душанбе таъсис дода шуд.

Дар кори конференсия роҳбари Дастгоҳи Кумитаи иҷроияи марказии ҲХДТ Хонзода Абдураҳмон, муовини раиси шаҳри Душанбе Одилзода Дилбар, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе Шоҳиён Абдураҳим, муовини раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳимзода Шабнам, раиси Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» Аҳмадзода Оятулло ва вакилони конференсия иштирок намуданд.

Зимни конференсия масъалаҳои таъсиси Шурои намояндагии ТҶҶ «Созандагони Ватан» дар шаҳри Душанбе, интихоби ҳайат ва роҳбарияти он, инчунин муайян намудани самтҳои афзалиятноки фаъолияти минбаъдаи Шуро баррасӣ гардиданд.

Иштирокдорон таъкид намуданд, ки дар шароити мураккаби ҷаҳони муосир тарбияи ватандӯстӣ, баланд бардоштани ҳисси худшиносиву худогоҳии миллӣ, маърифати ҳуқуқӣ ва масъулиятшиносии ҷавонон аҳаммияти муҳим дорад. Дар ин замина, тақвияти корҳои тарбиявию маърифатӣ ва ҷалби бештари ҷавонон ба ҳаёти сиёсиву ҷамъиятӣ аз вазифаҳои муҳими сохторҳои дахлдор ба ҳисоб меравад.

Зикр шуд, ки ҷавонон ҳамчун неруи созанда ва ояндасози кишвар дар рушди соҳаҳои гуногуни ҳаёти давлат ва ҷомеа саҳми арзишманд мегузоранд. Аз ин рӯ, дастгирии ташаббусҳои созанда, фароҳам овардани шароити мусоид барои татбиқи иқдомҳои ҷавонон ва тақвияти фаъолияти ватандӯстонаи онҳо аз самтҳои афзалиятнок ба шумор меравад.

Дар идомаи конференсия, дар асоси Оинномаи ТҶҶ «Созандагони Ватан» ва бо ҷонибдории иштирокдорон, Шурои намояндагии ташкилот дар шаҳри Душанбе таъсис дода шуда, ҳайати он иборат аз 63 нафар интихоб гардид.

Ҳамчунин, номзадии Усмонзода Муслим — мудири шуъбаи кор бо ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе, ба вазифаи роҳбари Шурои намояндагии ТҶҶ «Созандагони Ватан» дар шаҳри Душанбе пешниҳод ва аз ҷониби иштирокдорон дастгирӣ ёфт.

Дар баробари ин, масъалаҳои интихоби муовин ва котиби Шуро баррасӣ гардида, номзадҳои пешниҳодшуда ба ин вазифаҳо интихоб шуданд.

Дар қисмати ҷамъбастии конференсия лоиҳаи нақшаи кории Шурои намояндагии ТҶҶ «Созандагони Ватан» дар шаҳри Душанбе то моҳи июли соли 2027 мавриди баррасӣ қарор гирифт. Бо дарназардошти пешниҳодҳои иштирокдорон ба лоиҳаи нақшаи корӣ тағйиру иловаҳои зарурӣ ворид гардида, вобаста ба он қарори дахлдор қабул карда шуд.

Таъсиси Шурои намояндагии ТҶҶ «Созандагони Ватан» дар шаҳри Душанбе барои тақвияти фаъолияти ҷавонон, густариши корҳои тарбиявию маърифатӣ, таҳкими ҳисси ватандӯстӣ ва баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандии насли ҷавон заминаи мусоид фароҳам меорад.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE