Имрӯз дар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон…
Имрӯз дар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи кории ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои даври сеюм ва омодагӣ ба баргузории даври чоруми озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор гардид.
Дар ҷаласа муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Комиссияи ҷумҳуриявии озмун Дилрабо Мансурӣ, вазири маориф ва илм Раҳим Саидзода ва дигар масъулону намояндагони соҳа иштирок намуданд.
Иттилоъ дода шуд, ки дар даври сеюми озмун 4 ҳазору 482 нафар довталаб иштирок намуда, 700 нафар ба даври чоруми озмун роҳхат гирифтаанд.
Тибқи ҷадвали тасдиқгардида, даври чоруми озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» аз 19 то 28 октябри соли 2026 дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон баргузор мегардад.
Дар фарҷоми ҷаласа ба масъулон ҷиҳати таъмини омодагии ҳамаҷониба, риояи талаботи низомномаи озмун ва шаффофу одилона баргузор намудани даври чоруми он дастуру супоришҳои мушаххас дода шуданд.

