Айни ҳол дар Боғи фарҳангу фароғатии ба номи Абулқосим Фирдавсии шаҳри Душанбе ҷашни Меҳргон…
Айни ҳол дар Боғи фарҳангу фароғатии ба номи Абулқосим Фирдавсии шаҳри Душанбе ҷашни Меҳргон бо шукӯҳу шаҳомати хосса таҷлил гардида, намоиш-фурӯши маҳсулот баргузор шуда истодааст.
Дар доираи ин чорабинии идона кишоварзон, боғпарварон, деҳқонон ва намояндагони соҳаҳои гуногуни кишоварзӣ маҳсулоти истеҳсолнамудаи худро ба намоиш гузошта, дастовардҳо ва имкониятҳои мавҷудаи соҳаи кишоварзиро муаррифӣ намуданд. Ҳамзамон, барои сокинону меҳмонони пойтахт имконият фароҳам оварда шудааст, ки маҳсулоти тару тозаи кишоварзиро бо нархҳои дастрас харидорӣ намоянд

