Конференсияи байналмилалии илмӣ-назариявӣ таҳти унвони «Эмомалӣ Раҳмон: абармарди сиёсат, ҳақиқатнигори таърих, ҳувиятофари миллат»

Дар Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллӣ»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Конференсияи байналмилалии илмӣ-назариявӣ таҳти унвони «Эмомалӣ Раҳмон: абармарди сиёсат, ҳақиқатнигори таърих, ҳувиятофари миллат» баргузор гардид.Дар ҳамоиши мазкур олимону муҳаққиқон, сиёсатмадорон, намояндагони корпуси дипломатии муқими Тоҷикистон, сафирони зиёда аз 20 кишвар ва созмонҳои байналмилалӣ, намояндагони муассисаҳои илмӣ ва таълимии дохилу хориҷи кишвар, инчунин донишҷӯён иштирок намуданд.Дар ҷараёни конференсия муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ, муовини якуми Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Фаррух Ҳамрализода, ноиби президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон роҳбарияти Китобхонаи миллӣ ва дигар коршиносону муҳаққиқон иштирок намуда, зимни баромадҳо фаъолияти сиёсӣ, илмӣ ва байналмилалии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, саҳми ӯро дар таҳкими давлатдории миллӣ, ҳифзи арзишҳои миллӣ, рушди иҷтимоию иқтисодии кишвар ва муаррифии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ мавриди таҳлилу баррасӣ қарор доданд.Ҳамчунин, намояндагони сафоратхонаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар як қатор давлатҳо ва муҳаққиқони тоҷик аз хориҷи кишвар тариқи онлайнӣ ширкат намуда, оид ба нақши Тоҷикистон дар муносибатҳои байналмилалӣ ва ташаббусҳои ҷаҳонии кишвар ибрози назар карданд.
