Дар Маркази байналмилалии намоишгоҳи «Душанбе Экспо»-и шаҳри Душанбе…
Дар Маркази байналмилалии намоишгоҳи «Душанбе Экспо»-и шаҳри Душанбе намоишгоҳи маҳсулоти саноатӣ ва кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардид. Намоишгоҳ бо ташаббуси Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон доир шуда, то 20-уми октябр идома меёбад. Чорабинӣ ба баргузории ҷаласаи навбатии сарони ҳукуматҳои давлатҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай бахшида шудааст. Дар намоишгоҳ дастовардҳои соҳаҳои саноат ва кишоварзӣ, маҳсулоти корхонаҳои ватанӣ, технологияҳои муосир ва имкониятҳои истеҳсолии кишвар муаррифӣ мегарданд. Ҳадафи асосии он муаррифии иқтидори иқтисодии Тоҷикистон, ҷалби сармоя ва густариши ҳамкориҳои байналмилалии тиҷоративу иқтисодӣ мебошад. Намоишгоҳ ҳамчунин барои таҳкими робитаҳои соҳибкорӣ ва фароҳам овардани имкониятҳои нави ҳамкорӣ миёни намояндагони доираҳои тиҷоратӣ заминаи мусоид фароҳам меорад.

