Имрӯз дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон…

Имрӯз дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон маросими ифтитоҳи даври чоруми Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор гардид.

Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» бо мақсади баланд бардоштани шавқу рағбати наврасону ҷавонон ба омӯзиши илмҳои дақиқ, риёзӣ ва табиӣ, тақвияти ҷаҳонбинии илмӣ, рушди тафаккури техникӣ ва дарёфти истеъдодҳои нав баргузор мегардад.

Ҳадафи асосии озмун баланд бардоштани сатҳи дониш, рушди қобилияти эҷодию таҳқиқотӣ, густариши тафаккури навоварона ва ҷалби бештари насли ҷавон ба омӯзиши илмҳои муосир мебошад.

Зикр бояд кард, ки баргузории чунин озмунҳо дар тарбияи насли донишманду соҳибмаърифат, ташаккули неруи зеҳнии ҷомеа ва омода намудани мутахассисони ҷавобгӯ ба талаботи замони муосир нақши муҳим дорад.

Даври чоруми озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» барои иштирокчиён имконияти мусоид фароҳам меорад, ки дониш, малака ва қобилияти худро нишон дода, дар рушди илму маорифи мамлакат саҳм гузоранд.

Ёдовар мешавем, ки дастгирии истеъдодҳои ҷавон ва фароҳам овардани шароити мусоид барои рушди илму дониш яке аз самтҳои муҳими сиёсати давлатӣ дар соҳаи маориф ва илм ба шумор меравад.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE