БОНКИ МИЛЛИИИ ТОҶИКИСТОН ШАҲРВАНДОНРО АЗ ФИРЕБИ ҚАЛЛОБОН ОГОҲ МЕНАМОЯД…

БОНКИ МИЛЛИИИ ТОҶИКИСТОН ШАҲРВАНДОНРО АЗ ФИРЕБИ ҚАЛЛОБОН ОГОҲ МЕНАМОЯД

Бонки миллии Тоҷикистон шаҳрвандонро огоҳ менамояд, ки шахсони қаллоб бо истифода аз номи роҳбарони мақомоти давлатӣ ва бланкҳои қалбакии расмӣ барои ба даст овардани маблағ ё гирифтани фоидаи ғайриқонунӣ шаҳрвандонро фиреб дода истодаанд.

Тавре аз Бонки миллии Тоҷикистон хабар медиҳанд, байни Бонки миллӣ ва воҳидҳои сохтории он бо шахсони воқеӣ ва ширкатҳое, ки бо истифода аз номи шаҳрвандон баромад мекунанд, умуман муносибати корӣ вуҷуд надорад.

Дар робита ба ин, аз шаҳрвандон хоҳиш карда мешавад, ки нисбат ба зангҳои телефонӣ ё паёмакҳои шахсони ношинос, ки бо баҳонаи гирифтани даромад, баргардонидани маблағ ё дигар ваъдаҳои пулӣ муроҷиат мекунанд, эҳтиёткор бошанд ва ба чунин пешниҳодҳо бовар накунанд.

Бонки миллии Тоҷикистон таъкид менамояд, ки шаҳрвандон маълумоти шахсии худро махфӣ нигоҳ дошта, пеш аз анҷом додани ҳар гуна амалиёти молиявӣ дурустии маълумот ва воқеияти пешниҳоди мазкурро санҷанд.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE