Имрӯз бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе…
Имрӯз бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ҷамъбасти даври шаҳрии озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин ҳамсар» миёни оилаҳои намунавии шаҳраку маҳаллаҳо ва ноҳияҳои пойтахт баргузор гардид.
Дар чорабинӣ муовини Раиси шаҳри Душанбе Одилзода Дилбар иштирок намуда, оид ба аҳамияти таҳкими фарҳанги оиладорӣ, баланд бардоштани масъулияти ҳамсарон дар тарбияи фарзандон ва ҳифзи арзишҳои миллӣ дар муҳити оилавӣ суханронӣ намуд.
Озмуни мазкур дар доираи иҷрои банди 19-и Нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе оид ба амалисозии «Барномаи давлатии рушди оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2024–2028» дар шаҳри Душанбе барои солҳои 2024–2026, ки бо қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 6 августи соли 2024, № 543 тасдиқ шудааст, баргузор гардид.

