ДОНИСТАН ХУБ АСТ!..
#ДОНИСТАН ХУБ АСТ!
Боғ соли 1933 аз рӯи лоиҳаи меъморони шаҳри Ленинград М. Баранов ва Н. Баранов бунёд шуда буд. Дар маркази боғи марказии фарҳангу фароғат нусхаи биринҷии ҳайкали В. И. Ленин, ки назди Институти Смолнийи шаҳри Ленинград вокеъ аст, ба Душанбе оварда гузошта шуд. Бинобар ин, дар замони шӯравӣ боғи марказии фарҳангу фароғати шаҳри Душанбе ба номи В. И. Ленин номида шуда буд[2].
Соли 1994 Боғи марказии фарҳангу фароғат ва соли 2008 «Боғи устод Рӯдакӣ» ном гирифт. «Боғи устод Рӯдакӣ» аз нахустин рӯзҳои таъсис дорои толори хониш, бунгоҳи техникҳои ҷавон, хонаи варзиш, кинотеатри тобистона, майдончаҳои варзишии волейбол, баскетбол, футбол, куштӣ ва ғ. буд. Ҳамзамон дар боғ дастаҳои драмаву хор ва мусиқиву рақс ҳунарнамоӣ мекарданд. Театри тобистона дошт, ки дар саҳнаи он гурӯҳҳои ҳунарӣ аз пойтахт, вилоятҳо, Филармонияи давлатии Тоҷикистон ва аз диг. ҷумҳуриҳои Иттиҳоди Шӯравӣ консертҳо намоиш медоданд; донишмандону шахсиятҳои маъруф бо мардум мулоқот мекарданд.

