Ҳоло дар Театри миллии Тоҷикистон шоми мусиқӣ — гала-консерти Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон…

Ҳоло дар Театри миллии Тоҷикистон шоми мусиқӣ — гала-консерти Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Рустам Дуллоев таҳти унвони «Марвориднаво» бо иштироки меҳмонони хориҷии ӯ баргузор гардида истодааст.

Консерт бо дастгири Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил ва роҳандозӣ гардида дар он асарҳои барҷастаи мусиқии классикии ватанӣ ва ҷаҳонӣ дар иҷрои ҳунармандони маъруфи ватаниву хориҷӣ пешкаши ҳаводорони санъат мегарданд. Ин шоми фарҳангӣ ба таҳкими робитаҳои фарҳангӣ, тарғиби мусиқии классикӣ ва густариши дӯстиву ҳамдигарфаҳмии халқҳо равона шудааст.
Салмон Султонзода
Садои Душанбе

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE