ИМРӮЗ – РӮЗИ ИТТИФОҚҲОИ КАСАБА:..

ИМРӮЗ – РӮЗИ ИТТИФОҚҲОИ КАСАБА: БЕШ АЗ 15 ҲАЗОР АЪЗОИ ИТТИФОҚҲОИ КАСАБА БА СОЛИМГАРДОНӢ ФАРО ГИРИФТА ШУДАНД

24 октябр дар Тоҷикистон Рӯзи иттифоқҳои касаба таҷлил мегардад. Тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид», ин сана дар тақвими идҳои мамлакат муқаррар гардидааст.

Иттифоқҳои касаба дар ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои меҳнатии кормандон, беҳтар намудани шароити меҳнат, дастгирии иҷтимоии онҳо ва фароҳам овардани имконияти истироҳату солимгардонӣ нақши муҳим доранд.

Тавре иттилоъ дода мешавад, дар давраи ҳисоботӣ беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқҳои касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шудаанд, ки ин аз таваҷҷуҳ ба ҳифзи саломатӣ ва беҳдошти вазъи иҷтимоии кормандон шаҳодат медиҳад.

Иттифоқҳои касаба ҳамчун ташкилоти ҷамъиятӣ дар рушди муносибатҳои меҳнатӣ, таҳкими ҳамкории кормандону корфармоён ва мусоидат ба пешрафти иқтисодию иҷтимоии мамлакат саҳм мегузоранд.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE