Дар Қазоқистон ҷаласаи роҳбарони воҳидҳои криминалии вазоратҳои корҳои дохилии ИДМ баргузор гардид
Аз 12 то 14 июн дар шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон ҷаласаи сеюми роҳбарони воҳидҳои криминалии вазоратҳои корҳои дохилии аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор гардид. Дар кори ҷаласа аз Тоҷикистон муовини якуми Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдураҳмон Аламшозода иштирок намуд.
Тавре аз Вазорати корҳои дохилӣ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, зимни ҷаласа масъалаҳои мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккил, терроризм, экстремизм, маводи нашъаовар, ҷиноятҳои киберӣ ва ҳамкории мақомоти корҳои дохилии давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баррасӣ гардид.
Инчунин иштирокчиёни ҷаласа вобаста ба масъалаҳои табодули иттилоот, ошкор ва тафтиши ҷиноятҳо, аз ҷумла ҷиноятҳои дорои хусусияти фаромиллидошта ибрози назар намуданд.
Иброз гардид, ки ин ҷаласа ба пешрафти фаъолияти мақомоти корҳои дохилии давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил такони ҷиддӣ бахшида, дар пешгирии ҳама гуна қонунвайронкунӣ ва таъмини оромиву осоиштагии ҷомеа мусоидат менамояд.
АКС: Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон