ДАР СУДИ ОЛИИ ТОҶИКИСТОН БАХШИДА БА РӮЗИ ҲОКИМИЯТИ СУДӢ ЧОРАБИНӢ БАРГУЗОР ГАРДИД…

ДАР СУДИ ОЛИИ ТОҶИКИСТОН БАХШИДА БА РӮЗИ ҲОКИМИЯТИ СУДӢ ЧОРАБИНӢ БАРГУЗОР ГАРДИД

Имрӯз дар бинои Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи ҳокимияти судӣ чорабинии тантанавӣ баргузор гардид.

Дар чорабинӣ Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирзозода Рустам иштирок ва суханронӣ намуда, ҳозиринро ба муносибати Рӯзи ҳокимияти судӣ табрик гуфт.

Зимни суханронӣ нақши ҳокимияти судӣ дар таъмини адолати судӣ, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, инчунин таҳкими волоияти қонун муҳим арзёбӣ гардид.

Дар идомаи чорабинӣ як қатор кормандони фаъоли соҳаи ҳокимияти судӣ барои фаъолияти пурсамор ва саҳми арзанда дар пешбурди вазифаҳои хизматӣ бо мукофотҳо қадрдонӣ карда шуданд.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE