24 октябр зимни сафари корӣ ба шаҳри Ваҳдат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон…
24 октябр зимни сафари корӣ ба шаҳри Ваҳдат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба татбиқи лоиҳаи барқарорсозии роҳи мошингарди Ваҳдат – Оби Гарм санги асос гузоштанд.
Лоиҳаи мазкур ба рушди инфрасохтори нақлиётӣ, беҳтар намудани шароити ҳаракати воситаҳои нақлиёт, баланд бардоштани сатҳи бехатарии роҳ ва тақвияти робитаҳои иқтисодиву тиҷоратӣ равона гардидааст.
Зимни шиносоӣ ба Савари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки дарозии роҳи мошингард 70 километрро ташкил медиҳад ва он аз ду хати ҳаракат дар ду самт иборат буда, паҳноии қисми ҳаракат 10–12 метр ва паҳноии канори роҳ 2,5 метрро ташкил хоҳад дод.
Дар доираи лоиҳа, инчунин, бунёди роҳҳои пиёдагард ба дарозии умумии 16 ҳазору 600 метр, насби 1850 аломати роҳ, 1500 метр панҷараҳои муҳофизатии парапетӣ ва иҷрои корҳои дигари муҳандисиву инфрасохторӣ пешбинӣ шудааст.
24 октября в ходе рабочей поездки в город Вахдат Президент Республики Таджикистан, Лидер нации уважаемый Эмомали Рахмон заложил основу в проект реконструкции автомобильной дороги Вахдат – Оби-Гарм.
Данный проект направлен на развитие транспортной инфраструктуры, улучшение условий движения транспортных средств, повышение безопасности дорожного движения и укрепление экономических и торговых связей.
В ходе ознакомления Главе государства уважаемому Эмомали Рахмону было сообщено, что протяжённость автомобильной дороги составит 70 километров. Она будет иметь две полосы движения для встречных направлений. Ширина проезжей части составит 10-12 метров, а ширина обочин – 2,5 метра.
В рамках проекта также предусмотрено строительство пешеходных дорожек общей протяжённостью 16 600 метров, установка 1850 дорожных знаков, монтаж 1500 метров защитных парапетных ограждений, а также выполнение других инженерных и инфраструктурных работ.
#ЭмомалӣРаҳмон #ЭмомалиРахмон #EmomaliRahmon #Тоҷикистон #Таджикистан #Tajikistan #Президент #President #Тоҷикон #Таджики #Ваҳдат #Вахдат #Vahdat
President.tj | Facebook | Instagram | Telegram | X | Youtube

