7 НОЯБР РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК…

7 НОЯБР РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК

ДАР ТОҶИКИСТОН БЕШ АЗ 20 ТЕАТРИ ХАЛҚӢ ФАЪОЛИЯТ МЕКУНАД

Театр яке аз муҳимтарин муассисаҳои фарҳангӣ ба ҳисоб рафта, дар рушди санъати миллӣ, тарбияи маънавии ҷомеа, ҳифзи арзишҳои миллӣ ва баланд бардоштани маърифати фарҳангии аҳолӣ нақши муҳим дорад.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон санъати театрӣ таърихи бой дошта, имрӯз дар ин соҳа театрҳои касбӣ, халқӣ ва дигар муассисаҳои фарҳангӣ фаъолият мекунанд. Театрҳо бо пешниҳоди намоишномаҳои драмавӣ, таърихӣ, мазҳакавӣ ва мусиқӣ дар тарғиби арзишҳои миллӣ саҳми назаррас мегузоранд.

Тибқи маълумоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон:

– 22 театрӣ халқӣ ва 18 театри касбӣ дар кишвар фаъолият мекунанд (то 1 июни соли 2026).

– Шумораи умумии театрҳои халқӣ ва касбӣ ба 40 адад мерасад.

– Аз 18 театри касбӣ 6 театр дар шаҳри Душанбе, 7 театр дар вилояти Суғд, 4 театр дар вилояти Хатлон ва 1 театр дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҷойгир аст.

– Соли 1991 дар Тоҷикистон ҳамагӣ 15 театр фаъолият мекард.

– Соли 2024 дар театрҳои касбии мамлакат 63 асари нав ба саҳна гузошта шудааст.

РУШДИ САНЪАТИ ТЕАТРӢ

Бо мақсади рушди минбаъдаи санъати театрӣ, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Барномаи давлатии рушди санъати театриро барои солҳои 2025–2029 қабул намудааст. Барнома ба таҳкими заминаи моддию техникии театрҳо, рушди драматургияи миллӣ, омода намудани кадрҳои соҳибкасб ва ҷалби бештари тамошобинон равона шудааст.

Қобили зикр аст, ки ҳамасола 7 ноябр дар Тоҷикистон Рӯзи театри тоҷик таҷлил мегардад.Ин сана нишони эҳтиром ба заҳмати ҳунармандон, коргардонҳо, драматургон ва тамоми кормандони соҳаи театр мебошад.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE