Муассисаи «Шабакаи гармидиҳии шаҳри Душанбе…
Муассисаи «Шабакаи гармидиҳии шаҳри Душанбе»: «Муштариён метавонанд барои ҳалли мушкилот ба рақами кӯтоҳи 14-44 занг зананд»
Муштариён минбаъд метавонанд дар мавсими гармидиҳӣ ҳангоми норасоии оби гарм, қатъ ё маҳдуд гардидани интиқоли неруи гармӣ, рух додани садама дар қубурҳо ва дигар мушкилоти марбут ба низоми гармидиҳӣ, инчунин барои пешниҳоди арзу шикоятҳо ба рақамҳои кӯтоҳи 14-44 ва 231-75-01, 231-24-41 ба мо муроҷиат намоянд, чунин изҳор доштанд Муассисаи «Шабакаи гармидиҳии шаҳри Душанбе».
Масъулини Муассисаи «Шабакаи гармидиҳии шаҳри Душанбе» ҳамчунин аз муштариён хоҳиш карданд, ки гармидиҳандаҳо ё ба истилоҳ «отаплениҳо»-и дохили хонаҳои худро барои қабули неруи гармӣ омода намоянд, то мушкилие дар ин самт пеш наояд.

