7 ноябр мулоқоту музокироти расмии сатҳи олӣ миёни Тоҷикистону Қазоқистон…
7 ноябр мулоқоту музокироти расмии сатҳи олӣ миёни Тоҷикистону Қазоқистон дар қасри президентии Ақорда дар Остона баргузор шуд.
Дар ҷараёни суҳбат ҳарду пешво аз имконияти сафари расмии Президенти Тоҷикистон ба Қазоқистон ва муҳокимаи роҳҳои рушд ва таҳкими шарикии стратегӣ ва муносибатҳои ҳампаймонӣ миёни ду кишвар изҳори қаноатмандӣ карданд.
Президенти кишвари мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид карданд, ки ҳамкории ду кишвар дар ҳама самтҳои калидӣ босуръат рушд меёбад ва Қазоқистон яке аз шарикони пешбари тиҷоратӣ ва иқтисодии Тоҷикистон мебошад. Зикр гардид, ки дар нӯҳ моҳи аввали соли 2026 тиҷорати миёни ду кишвар 25,6% афзоиш ёфта, ҳаҷми он аз як миллиард доллар зиёд шудааст.
Дар оғози музокирот, муҳтарам Қосим-Жомарт Тоқаев чунин изҳор доштанд “Муҳтарам Эмомалӣ Шарипович! Ман аз сафари шумо ба Қазоқистон самимона истиқбол мекунам. Мо Шуморо ҳамчун як арбоби барҷастаи давлатӣ, як пешвои эътирофшудаи умумимилли мардуми тоҷик мешиносем. Ва имрӯз мо комилан ҳақ дорем дар бораи шарикии стратегӣ ва ҳампаймонӣ миёни ду давлати бародари худ сухан гӯем”.
7 ноября официальные встречи и переговоры на высшем уровне между Таджикистаном и Казахстаном состоялись в президентском дворце Акорда в городе Астана.
Оба лидера выразили удовлетворение возможностью официального визита Президента Таджикистана в Казахстан и обсуждения путей развития и углубления стратегического партнерства и союзнических отношений между двумя странами.
Президент нашей страны уважаемый Эмомали Рахмон подчеркнул, что сотрудничество между двумя странами динамично развивается во всех ключевых сферах, и Казахстан входит в число ведущих торгово-экономических партнёров Таджикистана. Было отмечено, что по итогам девяти месяцев 2026 года, объём товарооборота между двумя странами вырос на 25,6%, превысив один миллиард долларов.
Касым-Жомарт Токаев в начале переговоров заявил следующее: «Дорогой Эмомали Шарипович! Я от всей души приветствую Ваш визит в Казахстан. Мы знаем Вас как выдающегося государственного деятеля, общепризнанного лидера таджикского народа. И сегодня мы с полным основанием говорим о стратегическом партнерстве и союзничестве двух братских государств».
#ЭмомалӣРаҳмон #ЭмомалиРахмон #EmomaliRahmon #Тоҷикистон #Таджикистан #Tajikistan #Президент #President #Тоҷикон #Таджики #Қазоқистон #Казахстан #Kazakhstan
President.tj | Facebook | Instagram | Telegram | X | Youtube

