Тақвими рӯз: Аз таъсиси Палатаи савдо то пахши мустақими маросими ҷоизасупории «Оскар» аз радио

30 март ҳамасола дар Фаластин Рӯзи ҳифзи замин ва дар ИМА Рӯзи миллии духтурон таҷлил карда мешавад.

11 сол пеш, 30 марти соли 2010 дар шаҳри Душанбе ҷаласаи байниҳукуматии Тоҷикистон ва Германия баргузор гардид, ки дар он масъалаи муҳоҷират баррасӣ карда шуд.

30 марти соли 2016 дар маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аъзои Ҳукумати мамлакат лоиҳаҳои Қарор «Дар бораи Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳияҳои Рӯшон ва Роштқалъаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон барои солҳои 2016-2020» –ро баррасӣ намуданд.

Дар ин рӯз, инчунин дар шаҳри Душанбе форуми доираи соҳибкорони Тоҷикистон ва Корея баргузор гардид.

30 марти соли 1960 бо Қарори Шӯрои Вазирони Тоҷикистон Палатаи савдои Тоҷикистон таъсис дода шуд.

Дар ин рӯзи соли 1870 тағйироти 15-ум ба Конститутсияи ИМА, ки ба шаҳрвандони сиёҳпӯст ҳуқуқи овоздиҳӣ дод, ба ҳукми амал даромад.

19 сол қабл, 30 марти соли 1992 миёни Ҷумҳурии Қазоқистон ва Ҷумҳурии Сингапур муносиботи дипломатӣ барқарор карда шуданд.

30 марти соли 2004 дар Афғонистон Иттифоқи ҷумҳуриявии маъюбони ҷанг ташкил карда шуд.

Инчунин, 30 марти соли 1946 аввалин маротиба маросими ҷоизасупории «Оскар» тариқи радио мустақиман пахш карда шуд.

Таҳияи Мирсаид САТТОРИЁН

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE