МН: вакилон маоши панҷрӯзаи худро ба сокинони зарардидаи Кӯлоб бахшиданд
Дар партави ташаббусҳои созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вакилони палатаи поёнии Парлумони мамлакат ва кормандони дастгоҳи марказии он ба сокинони аз офатҳои табиӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб кумак расонида, ба сандуқи хайрияи ин минтақа музди маоши панҷрӯзаи худро ирсол намуданд.
Ин маблағ барои бунёди ду хонаи нав бо тарҳи замонавӣ кифоят мекунад.
Тавре ки қаблан иттилоъ дода будем, 11 май дар натиҷаи омадани сел дар шаҳри Кӯлоб даҳҳо манзили истиқоматии сокинони шаҳр, роҳҳои мошингард, иншооти маданию хизматрасонӣ ва маишии шаҳр зарар диданд.