Имрон Хон бо сафари расмӣ вориди Тоҷикистон шуд
Имрӯз Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон Имрон Хон бо сафари расмӣ ва ҷиҳати иштирок дар ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф овард.
Дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон Имрон Хонро Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ва дигар шахсони расмӣ истиқбол гирифтанд.