Зас дар бораи силсиламашқҳои густурдаи Неруҳои дастҷамъии СААД дар марзи Афғонистон гуфт

«Роҳбарони кишварҳои узви СААД ба мувофиқа расиданд, ки барои рушди ҳамкорӣ дар мубориза бо мушкилот ва таҳдидҳое, ки аз қаламрави Афғонистон ба вуҷуд меоянд, саъю кӯшишҳои иловагӣ ба харҷ диҳанд. Ин созмон чораҳои амалии дастҷамъӣ таҳия кардааст, ки барои таъмини амнияти Тоҷикистон дар сурати шиддат ёфтани вазъи сарҳад пешбинӣ шудаанд. Бо ҳамин мақсад дар як моҳ дар наздикии марзи Тоҷикистону Афғонистон силсиламашқҳои густурдаи Неруҳои дастҷамъии СААД- «Ҷустуҷӯ-2021», «Эшелон-2021», «Ҳамкорӣ-2021» ва «Кобалт -2021″ баргузор мешаванд, ки ҳамаи онҳо тибқи нақшаи ягона  мегузаранд»,-гуфт Дабири кулли СААД Станислав Зас ба хабарнигорон пас аз анҷоми ҷаласаи Шӯрои амнияти дастҷамъӣ.

Ба гуфтаи вай, барои суръат бахшидан ба кори қабули Барномаи мақсадноки байнидавлатӣ оид ба таҳкими сарҳади Тоҷикистону Афғонистон, ки Тоҷикистон дар доираи СААД пешниҳод кардааст, созиш ҳосил шуд. Тоҷикистон, тавре ки медонед, тӯлонитарин марз бо Афғонистонро дорад — 1344 км, ки бисёр мавзеъҳои он аз минтақаи баландкӯҳи дастнорас мегузаранд.

Станислав Зас зикр кард, ки яке аз масъалаҳои асосие, ки имрӯз сарони давлатҳо муҳокима карданд, вазъи Афғонистон буд, ки пас аз хуруҷи неруҳои амрикоӣ ва қӯшунҳои низомии НАТО аз он ба куллӣ тағйир ёфт. Ҳамлаи босуръати ҷунбиши «Толибон», таҳти назорати он гузаштани қариб тамоми қаламрави Афғонистон, аз ҷумла марзҳои давлатӣ ва пойтахт- шаҳри Кобул, инчунин тағйири қудрат дар кишвар ба вазъияти минтақаи Осиёи Марказии амнияти дастҷамъии СААД таъмири назаррас гузошта, моро ба ташвиши амиқ меорад.

СААД рушди вазъ дар марзи Тоҷикистону Афғонистонро бодиққат назорат мекунад. Ҳадафи аслии Созмон дар шароити мавҷуда таъмини амнияти кишварҳои узви СААД боқӣ мемонад. Ҳамзамон мо дар фаъолияти худ афзалияти сиёсӣ ва дипломатиро идома медиҳем.

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE