Оғози парвандаи ҷиноӣ нисбат ба собиқ корманди Суди Олӣ

11 октябри соли равон  нисбат ба Сафарзода Сайнуриддин Муҳуддин бо моддаи 247 қисми 4 банди «б»-и  Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, баъди ба анҷом расидани тафтиши пешакӣ он бо тасдиқи фикри айбдоркунӣ барои моҳиятан баррасӣ намудан ба суд ирсол карда шуд, иттилоъ медиҳад маркази матбуоти Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Мавсуф собиқ сармутахассиси шуъбаи назорати судии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, давоми фаъолияти кориаш бо мақсади ба даст овардани даромади муфт, бо истифода аз мақоми хизматӣ ва бо роҳи фиреб аз шаҳрванд «А» барои ба манфиати охирин ҳал намудани баҳси молу мулкӣ вобаста ба нуқтаи таъмири мошинҳо, ки дар баррасии Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дошт, инчунин дар якчанд ҳолат аз як гурӯҳ шаҳрвандон барои пеш аз муҳлат аз адои минбаъдаи ҷазо озод намудан, қатъ кардани парвандаи ҷиноятӣ ва барои ба вазифаи котиби судии Суди Конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин намудан дар маҷмуъ 64500 доллари ИМА (баробар ба 643.435,65 сомонӣ) ва 210000 сомонӣ талаб карда гирифтааст.

Ў ин миқдор маблағро бо роҳи қаллобӣ тасарруф намуда, бо ин кирдораш ба шаҳрвандон зарарҳои махсусан калони моддӣ расонидааст.

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE