Душанбе: Дар АИД НПҶТ ҳамоиш доир гардид

Дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонӣ ва Маркази худшиносии бонувон дар шаҳри Душанбе дар мавзӯи «Ҳаёт бе зӯроварӣ зебост» ҳамоиш доир шуд, хабар медиҳад Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Дар кори ҳамоиш коршиносон ва донишҷӯён ширкат намуда, доир ба хушунату зӯроварӣ дар оила ва баробарии гендерӣ, инчунин Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи зӯроварӣ дар оила» ва дигар барномаҳои соҳавии таҳияшуда, ки татбиқи онҳо  ба беҳтар гардидани  мақоми зан дар ҷомеа мусоидат мекунад, маълумоти муфассал гирифтанд.

Зикр гардид, ки   бо қарори махсуси   СММ ҳамасола аз 25 ноябр то  10 декабр дар тамоми кишварҳо маъракаи ҷаҳонии «16 рӯзи мубориза бар зидди зӯроварии гендерӣ»  доир мешавад ва бахшида ба ин мавзӯъ ҳамоишу ҷамъомадҳо баргузор мегарданд.

Ҳамзамон ба донишҷӯён доир ба  интихоби ранги норинҷӣ, ки рамзи ин маърака буда, маънои равшанӣ ва умед ба ояндаро дорад, маълумот дода шуд. Дар идомаи ҳамоиш миёни донишҷӯён викторина доир шуда, беҳтаринҳо бо туҳфаҳои масъулин қадрдонӣ шуданд.

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE