Қадрдонии кормандони “Садои Душанбе” дар рӯзи радио
Ба муносибати рӯзи таъсисёбии Радиои Тоҷикистон як гуруҳ кормандони шабакаи “Садои Душанбе” бо сипосномаҳо қадршиносӣ шуданд.
Аз ҷумла, дар ин рӯз ҳамкорони мо Мадина Юсупова, Сангиной Тиллозода, Раъно Валиева, Алишер Шералиев, Шодонҷон Султонов, Гулнора Насриддинова ва Нориниссо Абдуллоева аз ҷониби роҳбарияти Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи кор бо занон ва оила, Иттифоқи журналистони Тоҷикистон, Кумитаи рушди сайёҳӣ ва Иттифоқи касабаи кормандони Кумитаи телевизион ва радио қадрдонӣ гардиданд.
Ҳамзамон, шабакаи “Садои Душанбе” низ соҳиби чандин сипосномаву раҳматномаҳо гардид, ки ин боиси ифтихори мост.
Аз идора: Аз номи коллективи эҷодию техникӣ кормандони мазкурро ба ин муносибат шодбош мегӯем!