Имрӯз «Истиқлол» бо дастаи «Ал-Ҳилол» -и Арабистони Саудӣ бозӣ мекунад

Имрӯз  чемпиони Тоҷикистон- дастаи футболи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе дар бозии даври чоруми  марҳилаи гурӯҳии Лигаи чемпионҳои КФО-2022  бо пешсафи гурӯҳи «А»- дастаи футболи «Ал-Ҳилол»-и Арабистони Саудӣ, ки дар оғози Лигаи қаҳрамонҳои Осиё-2022 пайи ҳам се  пирӯзӣ ба даст овардааст, рақобат мекунад. 

Дар доираи бозиҳои даври сеюми  гурӯҳии Лигаи чемпионҳои КФО-2022  дастаҳои футболи  «Ал-Ҳилол»-и Арабистони Саудӣ ва «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе вориди майдони рақобат шуданд. Вохӯрии дастаҳо дар варзишгоҳи «Шоҳзода Файсал Бин Фаҳд»-и шаҳри Риёз бо ҳузури 13 ҳазору 158 тамошобин сурат гирифта, ба нафъи мизбонон (1:0) анҷом ёфт.

Дастпарварони  Виталий Левченко дар даври сеюм аз ғолиби феълии мусобиқот- дастаи  «Ал-Ҳилол»-и Арабистони Саудӣ бо ҳисоби 0:1 ноком гардиданд. Муаллифи голи ягона дар дақиқаи 52-ум Салмон Ал-Фараҷ шуд.

Аз ин пеш дастаи футболи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе дар  бозии даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Лигаи чемпионҳои КФО-2022 аз  дастаи «Шарҷа»-и Амороти Муттаҳидаи Араб  бо  ҳисоби 2:1 мағуб гардид  ва имкони баромад аз гурӯҳро барои худ душвор намуд. Аз ҳайати дастаи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе  голи ягонаро капитани даста Манучеҳр Ҷалилов дар дақиқаи 29-уми бозӣ  ба нишон расонид. Голҳои дастаи «Шарҷа»-и Амороти Муттаҳидаи Арабро Кайо Лукас Фернандес  дар дақиқаи  54 ва   Бернард Анисио  дар дақиқаи  57 ба ҳадаф расониданд.

Мавриди зикр аст, ки чанд рӯз пеш дастаи футболи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе дар бозии нахустинаш дар марҳилаи гурӯҳии Лигаи чемпионҳои Конфедератсияи футболи Осиё (КФО)-2022 дар гурӯҳи «А» аз дастаи «Ал-Райян»-и Қатар бо ҳисоби 2:3 мағлуб шуд. Голҳоро дар ҳайати дастаи «Истиқлол» Шаҳром Сулаймонов ва легионери узбекистонӣ Муҳаммад Исоев ба нишон расониданд.

Пас аз се бозии пайи ҳам дастаи футболи  «Истиқлол»-и  шаҳри Душанбе ягон имтиёз ба даст наоварда, дар зинаи  охири ҷадвал қарор  гирифтааст.

Ёдовар мешавем, ки соли гузашта  дастаи футболи  «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе  дар доираи бозиҳои гурӯҳии Лигаи чемпионҳои Осиё бо ҳисоби 4 бар 1 тавониста буд, ки  дастаи    «Ал-Ҳилол»-и Арабистони Саудиро ноком созад.

 

    Б ғ М Б Т Х
1 «Ал-Ҳилол» (Арабистони Саудӣ) 3 3 0 0 6-1 9
2 «Шарҷа»  (Амороти Муттаҳидаи Араб) 3 1 1 1 4-4 4
3 «Ал-Райян»  (Қатар) 3 1 1 1 4-6 4
4 «Истиқлол» (Тоҷикистон) 3 0 0 3 3-6 0

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE