Дар Рашт масъалаи ташкили дурусти ҷамъоварии омори сайёҳӣ баррасӣ шуд
«Ташкили дурусти ҷамъоварии омори сайёҳӣ» — таҳти чунин унвон дар ноҳияи Рашт бо иқдоми Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт ҳамоиш доир гардид. Дар он мутахассисони Кумитаи рушди сайёҳӣ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт, субъектҳои хизматрасони сайёҳӣ ва мақомотҳои дахлдор иштирок намуданд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи рушди сайёҳии мамлакат иттилоъ доданд.
Дар ҳамоиш бо мутахассисони ҷамъоварандаи омори ташрифи сайёҳони дохилию хориҷӣ доир ба ташкили дурусти ҷамъоварии омори сайёҳӣ машварат гузаронида шуд.
Зикр шуд, ки дар назди Кумитаи руши сайёҳӣ ҷиҳати баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонӣ, ҷалби доимии сайёҳону меҳмонони хориҷӣ ба ҷумҳурӣ гурӯҳи кории доимоамалкунанда аз ҳисоби вазорату идораҳои дахлдор таъсис дода шуд, ки вазифаи он мукаммал намудани заминаҳои меъёрии омори сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Айни замон дар асоси методологияи байналмилалӣ бо ҷалби коршиносони Созмони ҷаҳонии сайёҳии Созмони Милали Муттаҳид ва ду ташкилоти ҷамъиятӣ тадқиқоти оморӣ дар самти сайёҳӣ идома доранд.
Гуфта шуд, ки мавҷуд будани маълумоти омории мукаммал барои сиёсати таъсирбахши давлатӣ дар соҳаи сайёҳӣ, қабули қарорҳои дахлдор дар соҳаи сайёҳӣ ва ҷалби сармоя ба минтақаҳои мамлакат шароити мусоид фароҳам меорад.
Водии Рашт яке аз минтақаҳои зебоманзари Тоҷикистон буда, бо рӯду кӯлҳои мусаффо, олами нодири ҳайвоноту наботот, кӯҳҳои сар ба фалак ва мардуми меҳмоннавозаш мавриди таваҷҷуҳи дӯстдорони сайру саёҳат қарор дорад. Солҳои охир миёни сайёҳон дараҳои хушманзараи Камароб, Тагоба, Қалъанак, Ҷафр, Ҳиҷборак, Ясман ва Ҳоит, ки дар онҳо сайёҳии шикор, экологӣ, кӯҳнавардӣ, рафтинг, пиёдагардиву аспсаворӣ беш аз пеш ривоҷу равнақ меёбад, маҳбубияти хос пайдо намуда, ташрифи сайёҳон ба ин мавзеъҳо меафзояд.
Ҳамчунин масъулин аз ҳолати омодагии мавзеъҳо ва марказҳои хизматрасонии сайёҳӣ барои қабули меҳмонону сайёҳон дар ноҳия дидан намуданд.