Ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар чанде аз кӯчаҳои пойтахт аз 10-уми июн қатъ мегардад

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ба таваҷҷуҳи сокинон ва меҳмонони пойтахт мерасонад, ки шуруъ аз санаи 10 июни соли 2022, бинобар сабаби оғози корҳои сохтмонӣ дар қисмати шарқии хиёбони Б. Ғафуров аз кӯпрук-гузаргоҳи кӯчаи А. Ғуломов то буриши кӯчаи Шамсӣ ҳаракати ҳамагуна воситаҳои нақлиёт яксамта қатъ гардида, мувақатан ба нақшаи хатсайрҳои мусофирбари ба ин хиёбон фаъолияткунанда, аз қабили хатсайрҳои автобусии №15, 28, 37 ва хатсайрҳои микроавтобусии №12, 15, 17, 25, 42, 46, ва 88 тағйирот ворид карда шуда, фаъолияти ин хатсайрҳо то ба истифода додани хиёбони мазкур тавассути кӯчаву хиёбонҳои А. Ғуломов, М. Шерализода, Маяковский, Багоутдинов ба роҳ монда мешаванд. Аз ин лиҳоз аз ронандагони воситаҳои нақлиёт эҳтиромона хоҳиш карда мешавад, ки талаботи аломатҳои роҳро риоя намуда, аз роҳҳои ҳамшафати хиёбони Б. Ғафуров истифода баранд.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE