Пирӯзии дуюми мунтахаби кишвар дар марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2023
Имрӯз, 11-уми июн дар варзишгоҳи Спартаки шаҳри Бишкек бозии даври дуюми марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2023 дар гурӯҳи F миёни дастаҳои Сингапур ва Тоҷикистон баргузор гардид. Рақобати мазкур бо ҳисоби 1:0 ба нафъи футболбозони мунтахаби мо ба анҷом расид. Ҳарчанд талоши дастаҳо дар нимаи аввали дидор ба назар мерасид, аммо қисми аввал бидуни гол хотима ёфт. Дар оғози нимаи дуюми рақобат дастпарварони Петр Шегрт таносуби бозиро ба дӯши хеш гирифта ҷониби дарвозаи Сингапур ҳамлаҳои пай дар пайро созмон доданд. Маҳз ҳамин имконият буд, ки дар дақиқаи 53-уми рақобат Шервони Мабатшоев ҳисоби бозиро кушода тими миллии Тоҷикистонро ба пеш баровард. Дар идома ҳолати равонӣ бештар ба футболбозони Сингапур таъсир намуд, ки онҳо низ талоши рахна кардани дарвозаи ҳарифро мекарданд. Ҳамин буд, ки як партофти головарро сингапуриҳо созмон доданд, аммо хушбахтона ин ҳолат офсайдро дар пай дошт. Бо ҳамин рақобати мазкур бо ҳисоби 0 бар 1 ба нафъи мунтахаби кишвар хотима ёфт. Мунтахаби Тоҷикистон пас аз пирӯзии дуюми хеш бо 6-хол садрнишини гурӯҳи F мебошад. Зинаи дуюмро Қирғизистон бо 3 имтиёз ба даст овардааст. Мунтахабҳои Сингапур ва Мянмар бидуни имтиёз мақоми сеюм ва чорумро ишғол кардаанд. Хотирасон мешавем, ки дидори дастаҳои Қирғизистон ва Мянмар дар гурӯҳи мазкур шоми имрӯз соати 20:00 ба нақша гирифта шудааст.
Султонов Шодонҷон
Садои Душанбе