Президенти ҶТ Эмомалӣ Раҳмон: дар соҳаи энергетика амалисозии боз 18 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ идома дорад

Дар даврони соҳибистиқлолӣ 287 неругоҳи барқи обии хурду бузург ва 1 маркази барқу гармидиҳӣ, 1,5 ҳазор километр хатҳои интиқоли барқи баландшиддат, 50 зеристгоҳи баландшиддати барқӣ бунёду таҷдид ва дар маҷмӯъ, 75 фоизи инфрасохтори энергетикии кишвар навсозӣ карда шуданд. Дар ин давра мо беш аз 2000 мегаватт иқтидорҳои энергетикии иловагӣ бунёд кардем. Имрӯз дар соҳаи энергетика амалисозии боз 18 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи умумии 16,6 миллиард сомонӣ идома дорад.  Дар ин бора имрӯз, 13 июл   Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар вохӯрӣ бо бунёдгарони Неругоҳи барқи обии «Роғун» иброз доштанд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».

Сарвари давлат зикр намуданд, ки Тоҷикистон дорои захираҳои бузурги гидроэнергетикӣ мебошад, ки яке аз аз манбаъҳои асосии барқароршавандаи энергия ва истеҳсоли «энергияи сабз» ба шумор меравад.

Дар кишвари мо 98 фоизи нерӯи барқ бо истифода аз захираҳои об истеҳсол мегардад ва Тоҷикистон аз рӯи фоизи истеҳсоли «энергияи сабз»  дар ҷаҳон дар ҷои шашум қарор дорад.

Инчунин, Тоҷикистон аз рӯйи кам будани ҳаҷми партови газҳои гулхонаӣ низ дар ҷаҳон яке аз ҷойҳои баландтаринро ишғол мекунад. Аз ин лиҳоз, зикр намуданд Сарвари давлат, истеҳсоли ҳарчӣ бештар ва истифодаи васеи «энергияи сабз» аз ҷумлаи афзалиятҳои рақобатнокии иқтисоди кишвари мо ба ҳисоб меравад.

«Мо ният дорем, ки ин имкониятҳои азимро дар шароити тағирёбии глобалии иқлим на танҳо ба нафъи худ, балки ба манфиати минтақаи Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ истифода барем. Ба ин хотир, ҷиҳати зиёд кардани истеҳсоли неруи барқ ва тавсеаи шабакаҳои интиқоли он то ба имрӯз корҳои назаррасро ба анҷом расонидем»-  гуфтанд Президенти Тоҷикистон.

Пешвои миллаи илова намуданд, ки дар солҳои истиқлолият барои рушди соҳаи энергетикаи кишвар 34 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи умумии 57,2 миллиард сомонӣ татбиқ карда шуд, ки 12 миллиард сомонии он танҳо барои таҷдиду рушди инфрасохтори энергетикӣ равона гардидааст.

Дар ин давра имконият фароҳам гардид, ки дар кишвар низоми ягонаи энергетикӣ таъсис дода шуда, устувории фаъолияти маҷмааи энергетикӣ, талаботи соҳаҳои иқтисоди миллӣ ва аҳолӣ пурра аз ҳисоби иқтидорҳои худӣ бо барқ таъмин карда шавад.

«Соли 2021 бори аввал дар таърихи соҳибистиқлолии кишвар истеҳсоли нерӯи барқ ба 20,6 миллиард киловатт – соат расонида шуд, ки дастоварди назарраси соҳа мебошад»- тазаккур доданд Сарвари давлат.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE