Парлумони Тоҷикистон бозпурсӣ тавассути интернетро қонунӣ кард
Муфаттишони тоҷик ҳуқуқ пайдо карданд, ки бозпурсии ҷабрдидагон ва шоҳидонеро, ки дар хориҷ аз Тоҷикистон қарор доранд, бо истифода аз интернет тариқи реҷаи фосилавӣ, аз ҷумла тавассути почтаи электронӣ ва дигар мессенҷерҳоро баргузор намоянд. Ин тағйиру иловаҳо дар иҷлосияи 11-уми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 15 июл таҳти раёсати Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ баргузор гардид, ба Кодекси мурофиавии ҷиноятии кишвар ворид карда шуданд.
Тавре Раиси кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ оид ба таъмини асосҳои конститутсионӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон, шаҳрванд ва қонуният Дилшод Раҳмон шарҳ дод, ба моддаи 197 қисми 2 ворид карда шудааст, ки тибқи он, агар шоҳид ё ҷабрдида берун аз кишвар бошад, бозпурсӣ метавонад ба таври фосилавӣ анҷом дода шавад.
Ӯ тазаккур дод, ки суҳбат бо истифода аз телеиртибот ва почтаи электронӣ сурат гирифта, дар он шахсони бетараф низ метавонанд иштирок намоянд.
Маврид ба зикр аст, ки ин тағйирот дар ҳоле ворид мегардад, ки тибқи маълумоти Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон, коҳиши ҷинояткорӣ ба қайд гирифта мешавад.
Дар шаш моҳи соли 2022 дар кишвар 12 482 ҷиноят ба қайд гирифта шудааст, дар ҳоле ки як сол пеш 1396 адад зиёд буд.
Ба иттилои ВКД, ҳамин тариқ, сатҳи ҷинояткорӣ 10% коҳиш ёфтааст.
Илова бар ин, кормандони вазорат 1447 нафар ҷинояткорони дар ҷустуҷӯ қарордоштаро дастгир намуданд.