Ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Озарбойҷон дар соҳаи телевизион ва радио мавриди баррсӣ қарор гирифт

15 август мулоқоти Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Озарбойҷон Рустам Солӣ бо раиси ҶСП «Телевизион ва радиошунавонии Озарбойҷон» Ровшан Мамедов баргузор шуд. Дар ин бора  Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Ҷонибҳо масъалаҳои ташкил ва гузаронидани курсҳои кӯтоҳмуддати омӯзишӣ ё курсҳои такмили ихтисос барои омода намудани барномаҳои сиёсиву фарҳангӣ, телевизионӣ, радиоӣ ва намоиши филмҳои ҳунарӣ ва ҳуҷҷатиро мавриди баррасӣ қарор доданд.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE