Рушди соҳаи дорусозӣ дар Тоҷикистон

Истиқлоли давлатӣ имкон фароҳам овард, ки тамоми соҳаҳои хоҷагии мамлакат рушд намояд. Аз ҷумла соҳаи дорусозӣ, ки имрӯз ҷомеъаи ҷаҳонӣ ба ин соҳа ниёз пайдо кардааст. Давлату ҳукумати мамлакат, хоса Сарвари давлати низ ҳамеша ба соҳаи мазкур диққати махсус зоҳир намуда, пайваста таъкид медоранд, ки бо истифода аз гиёҳҳои табобатӣ истеҳсоли доруҳои ватаниро ба роҳ монанд. Ҳамкорамон Қурбоной Муқимова мавзӯъро пайгирӣ намудааст:

То имрӯз дар муддати 31 – соли истиқлолият, сарзамини бузурги мо дар тамоми самтҳо аз қабили илму маъориф, санъату фарҳанг, иқтисоду иҷтимоиёт ва ғайра ба пешравиҳои зиёд ноил гардид. Як бахши муҳими дастовардҳои замони соҳибистиқлолии кишварро метавон ба соҳаи тандурусӣ марбут донист. Бо шарофати Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз Ватани маҳбуби мо дар соҳаи илми тиб ва дорусозӣ диққати ҷиддӣ дода, ҳамасола дар Донишгоҳҳои мамлакат  олимону мутахассисон ва донишмандони зиёдро дар ин самт тайёр мекунанд, иброз дошт зимни мусоҳиба бо мо Самариддини Ҷурахон муаллими калони факултети фармасевтикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон.

Ба зикри Самариддини Ҷурахон муаллими калони факултети фармасевтикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон  дар факултет ба хотири дар амалия нишон додани тарзи тайёр намудани доруворӣ бо истифода аз гиёҳҳои шифобахши ватанӣ дастгоҳҳои замони муосир мавҷуданд, ки ин барои омода намудани муттахассисони баландихтисос дар мамлакат  мусоидат мекунад.

         Маврид ба зикр аст, ки 1– уми сенябри соли ҷорӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои боз ҳам бештару – бештар ривоҷу равнақ додани соҳаи тандурустӣ ва илми тиб ва ҷиҳати беандоза будани довталабон дар ин самт боз як бинои наву замонавӣ дар шаҳри Душанбе ҳамчун бинои асосии Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯали ибни Сино мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд. Пас табибони ояндаи кишварро месазад, ки дар роҳи расидан ба дастовардҳои баландтаррини соҳаи тиб дар мамлакат ва муаррифии тибби халқи тоҷик дар арсаи байналмилалӣ саъю талош намуда, ҷиҳати ободиву озодии ин сарзамини биҳиштосо саҳмгузор бошанд.

Муқимова Қурбоной

Садои Душанбе

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE